Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:Амрико дар ҷустуҷӯи имкони музокира бо Эрон аст


Президент Барак Обама мегӯяд, вай дар моҳҳои оянда дар ҷустуҷӯи роҳҳое хоҳад буд, ки заминаро барои музокироти рӯ ба рӯи миёни Амрикову Эрон фароҳам созад. Обама зимни суханрониаш дар нишасти хабарие шоми рӯзи душанбе дар Кохи Сафед гуфт, гурӯҳи амнияти миллии вай бахшҳоеро мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ки Амрико битавонад дар ин бахшҳо бо Эрон "ба таври мустақим машғул шавад". Обама эътироф кард, ки дар роҳи беҳбуди равобити миёни ин ду кишвар "каме адами эътимод" мавҷуд аст, вале изҳор дошт, ки ин кишварҳо дорои имкони муносибот бар пояи "эҳтироми дуҷониба" мебошанд. Обама гуфт, Эрон бояд бифаҳмад, ки Амрико сармоягузории гурӯҳҳои террористӣ аз сӯи Эрон ва ташвиқи барномаҳои ҳастаии Эронро ғайри қобили қабул мешуморад.

XS
SM
MD
LG