Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори тадобири нарми иқтисодӣ шуд


Интизор меравад, ки имрӯз дар Сенати Амрико тарҳи 800 миллиард долларии танзими иқтисоди ин кишвар мавриди баррасӣ қарор бигирад. Президент Барак Обама гуфтааст, мардум наметавонанд мунтазир бимонанд, вақте ки миллионҳо нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд. Вай ин нуктаро дар Элхарти Индиана қабл аз як конфронси хабарии телвизюнӣ изҳор дошт ва ҳадафи вай ба даст овардани ҷонибдории мардум аз барномаи танзими иқтисодии 800 миллиард долларии давлаташ аст. Вай гуфт:


"Барномаи пешниҳодии танзими иқтисод хеле хуб нест, вале он кори дуруст аст. Он дорои ҷанбаҳои дуруст аст, ки иҷоди ҷои корро дар назар дорад ва рушди билофосилаи иқтисоди моро таъмин ва онро барои гузор ба қарни 21 мутобиқ месозад".

Дар ҳамин ҳол, Тимотӣ Гатнер-вазири дороии Амрико аз вазирони молии 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон хостааст, ки барои барқарории иқтисоди солим дар ҷаҳон тадобири зарурӣ андешанд.

XS
SM
MD
LG