Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи порламони Қирғизистон ва бастани Манас


Дирӯз Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи порламони Қирғизистон пешнависи қонуни пешниҳодии ҳукумати ин кишварро дар бораи бастани пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Манас ба тасвиб расонд. Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 3-юми феврал дар Маскав баъд аз мулоқоташ бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар бораи бастани ин пойгоҳ ба матбуъот хабар дод. Ин пойгоҳ нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистонро таъмин мекунад. Аммо Темир Сариев-раиси ҳизби оппозитсионии Оқ Шумқор гуфт, бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манас ба вазъ дар Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG