Пайвандҳои дастрасӣ

Бамгузори интиҳорӣ дар Ироқ 4 сарбози амрикоиро кушт


Низомиёни Амрико мегӯянд, дирӯз як бамгузори интиҳорӣ дар шимоли Ироқ дар шаҳри Мосул мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар наздикии посгоҳе мунфаҷир сохт. Дар ин инфиҷор 4 сарбози амрикоӣ ва тарҷумони онҳо ба қатл расиданд. Соли ҷорӣ ин инфиҷор аз маргбортарин ҳодиса бар зидди нируҳои амрикоӣ дар Ироқ будааст. Дар ҳамин ҳол, Раян Кроке-сафири Амрико дар Ироқ мегӯяд, музокироти соли

2007-и вай бо дипломатҳои эронӣ дар бораи амнияти Ироқ натиҷа надодааст. Ба гуфтаи Кроке, Эрон то ҳол аз шӯришиёни шиъаи Ироқ ҳимоят мекунад. Онҳоро омӯзиш медиҳад ва бо аслиҳа таъмин мекунад. Кроке дар поёни моҳи ҷорӣ баъд аз ду соли кораш ба унвони намояндаи Амрико дар Ироқ ин кишварро тарк мекунад.
XS
SM
MD
LG