Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи сафари президент Раҳмон дар Белгия


Мулоқот бо президенти Латвия Валдис Залтерс дар РигаҶ 9 феврали соли 2009.

Мулоқот бо президенти Латвия Валдис Залтерс дар РигаҶ 9 феврали соли 2009.

Дар барномаи сафари Бруссел -- мулоқот бо шоҳи Белгия Алберти 2 ва сипас нахуствазири ин кишвар -- Ҳерман ван Рампей. Дар ин ҷо низ ду тараф як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард.

Дар Иттиҳоди Аврупо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумисиюни Аврупо Жозе Мануэл Барроззо , масъули равобити хориҷии иттиҳод Ҳавийер Солана, кумиссари Кумиссиюни Аврупо Бенита Ферреро Валднер баргузор шуда, низ интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар порлумони Аврупо дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Аврупо суханронӣ кунад. Инчунин Раҳмон дар Бруссел бо Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер низ дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, пас аз ончӣ ки дар ду ҳафтаи ахир байни Тоҷикистону Русия ва Русияву Узбакистон рӯй дод, ин сафари ҳайати Тоҷикистон барои Душанбе имкониятҳои муҳимеро боз мекунад.

Вай мегӯяд: "Барои Тоҷикистон ин пеш аз ҳама имконияти дарёфти кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷомеаи Авроатлантик аст. Бо назардошти ончи ки ҳоло дар Қирғизистон ва минтақа мегузарад, барои Тоҷикистон ин як шансест, ки мавқеъи худро дар саҳнаи байнулмилалӣ тақвият диҳад."

Дар пайванд бо баҳси захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ ва мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон, коршинос Улунян мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо метавонад, ин баҳсро ба гунае ҳал кунад, ки ҳамаи тарафҳо қонеъ бимонанд. Вай афзуд, барои Ҷомеаи Авроатлантик як асл муҳим аст, ки кишварҳои минтақаро ба наздиктару дуртар ё хубтару бадтар ҷудо накунад ва барои НАТО-ву Иёлоти Муттаҳида хеле муҳим аст, ки барои ояндаи вазъ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кунанд.

Иттиҳоди Аврупо, ки барномаи стратегиеро дар Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, дар як қатор бо Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида яке аз бозигарони муҳим дар минтақа мебошад. Дар ин нишастҳо амнияту эътидоли минтақаӣ ҳамчун имкони дастрасии Аврупо ба дороиҳои энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳарду тараф имкониятҳои зиёд ва мусоиде доранд, аммо дурнамои равобит бастагӣ ба он хоҳад дошт, ки аз ин имкониятҳо чӣ гуна истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG