Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук вориди Исломобод шуд


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз дар шурӯъи силсиласафари серӯзааш ба кишварҳои минтақа вориди Исломобод шуд. Ӯ бо раҳбарони Покистон стротежии нави фурӯ нишондани ифротгароӣ ва хушунат дар минтақаро баҳс мекунад. Ҳолбрук ахиран дар анҷумани амниятӣ дар Мюнихи Олмон ба Афғонистон овардани сулҳу суботро назар ба Ироқ сангинтар номид ва гуфт, стротежии ҷадид ҷалби кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, аз ҷумла Покистонро лозим мехонад.
XS
SM
MD
LG