Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуттенберг фардо узви давлати Олмон хоҳад шуд


Раисиҷумҳури Олмон Ҳерст Кёҳлер гуфт, Карл Теодор зу Гуттенберги 37-сола, дабири кулли ҳизби муҳофизакори Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёнро рӯзи сешанбе ба мақоми вазири иқтисоди Олмон таъйин мекунад. Гуттенберг ҷавонтарин вазири иқтисод дар таърихи навини Олмон шуда, дар ин курсӣ Микаел Глосро иваз хоҳад кард. Иқтисоди Олмон, бузургтарин иқтисоди ИА, дучори пасрафти аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон бесобиқа шудааст. Микаел Глос ба ин далел таҳти интиқоди шадид қарор дошт ва билохира истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG