Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷои пои "Тангем" дар Душанбе тангтар шуд


Шаҳрдории Душанбе ҳаракати мусофирбарҳои сохти Чин, маъруф ба “Тангем”-ҳоро тавассути ҷодаҳои асосии пойтахти Тоҷикистон манъ кард. Манъ шудани ҳаракати “Тангем”-ҳо дар равуои мусофирон бебандуборӣ эҷод кардааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз ин қарор таъмини амнияти мусофирон аст. Вале гуфта мешавад, ки шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 автобус ва 60 троллейбуси ҷадиди сохти Русия маблағ ҷудо кардааст ва як ҳадаф аз манъи ҳаракати “Тангем”-ҳо тавассути ҷодаҳои асосӣ шояд аз пеш гарм кардани бозори нақлиёти давлатӣ бошад.
XS
SM
MD
LG