Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунини маргталабона дар Шрӣ Ланка


Мақомоти Шрӣ Ланка мегӯянд, як зани маргталаб худро дар удрдугоҳи паноҳандагоне, ки аз манотиқи ҷангзада фирор кардаанд, мунфаҷир карда, дасти кам 20 нафарро ба фалокат расондааст. Вазорати дифоъи Шрӣ Ланка мегӯяд, ин зан дар байни афроде буд, ки сарбозон дар наздикии Висуамаду тафтиш мекарданд. Ин минтақа дар шимоли кишварро ахиран аз дасти чирикиҳои ҷудоиталаби тамил озод карданд. Артиш мегӯяд, баъд аз 25 соли ҷанги шаҳрвандӣ ҷудоиталабони тамил дар садади шикаст қарор доранд.
XS
SM
MD
LG