Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Амрико иҷозаи транзит медиҳад


Қазоқистон мегӯяд, интиқоли молу коло тавассути қаламраваш ба хотири таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро иҷозат хоҳад дод. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, ин қарордод ҳамлу нақли танҳо колоҳои ғайринизомиро фаро мегирад. Генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар моҳи гузашта гуфт, Вошингтон бо Русия ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ бар сари транзит тавофуқ кардааст. Таъмини нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир тавассути шимоли Покистон сурат мегирад, вале он масир ба иллати ҳамалоти афзояндаи ҷангиён чандин бор баста шуд.
XS
SM
MD
LG