Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуттенберг вазири иқтисоди Олмон хоҳад шуд


Карл Теодор зу Гуттенберги 37-сола, дабири кулли ҳиӯзби муҳофизакори Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиён, ба мақоми вазири иқтисоди Олмон пешбарӣ шуд. Гуттенберг дар ин курсӣ Микаел Глосро, ки дар поёни ҳафтаи гузашта истеъфо дод, иваз мекунад. Иқтисоди Олмон, ки бузургтарин иқтисод дар қаламрави ИА маҳсуб мешавад, дар ин авохир дучори бӯҳрон ва пасрафте шудааст, ки аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ собиқа надорад. Микаел Глос ба далели гирифтори бӯҳрон шудани иқтисоди Олмон дар ин авохир таҳти интиқоди шадид қарор дошт ва билохира истеъфо дод. Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиён аз ёрони суннатии ҳизби садри аъзам Ангела Меркел буда, дар кобинаи эътилофии кунунӣ ду курсиро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG