Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил - дар арафаи интихоботи парлумонӣ


Исроил вориди охирин рӯзи корзорҳои пешазинтихоботи шуд. Бино ба натоиҷи назарсанҷиҳо, дар интихоботи парлумонии рӯзи сешанбе шумори бештари ороро ҳизби мухолифи ростгарои Ликуд ба раҳбарии Бенямин Натаняҳу хоҳад бурд. Аммо фарқи байни Ликуд ва ҳизби Кадима ба раҳбарии вазири кунунии умури хориҷии Исроил Тсипӣ Ливнӣ хеле кам шудааст. Ҳизби қавмгарои Йисраил Байтину ва раҳбараш зодаи Молдова Авигдор Либерман, аз ҳизби коргарии вазири дифоъ Эҳуд Барак пеш гузашта, дар мақоми севвум қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG