Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи Обама барои наҷоти иқтисоди Амрико


Барак Обама

Барак Обама

Қарор аст, Барак Обама имшаб ба хотири дарёфти пуштибонии мардум аз барномаи 800-миллиарддолларии наҷоти иқтисоди Амрико тавассути телевизион як нишасти хоси хабарӣ барпо кунад.

Муаллиф Брефнӣ ОРурк

Обама ҳамин тавр ба хотир таъмини ҳимоят аз ин барнома баргузории як силсила мулоқотҳо бо мардум ва бо афродеро низ дар назар гирифтааст, ки ба мушкилоти иқтисодӣ гирифтор шудаанд. Ин силсилаи мулоқотҳо имрӯз дар аёлати Индиана оғоз шуда, рӯзи сешанбе Барак Обама дар аёлати Флорида бо мардум мулоқот хоҳад кард. Дар поёни ҳафтаи гузашта Обама ҳушдор дод, ки агар дар амри тасвиб ва иҷрои барномаи кӯмакҳои иқтисодӣ оҷилан иқдом нашавад, иқтисоди Амрико метавонад ба фалокати иқтисодӣ рӯбарӯ шавад.

Сенат, маҷлиси болоии Конгресси Амрико шадидан машғули баҳсу баррасии тарҳи барномаи беш аз 800-миллиарддолларии кӯмак ба иқтисоди Амрикост. Интизор меравад, ки Сенат ин маҷмӯаи кӯмакҳоро алакай рӯзи сешанбе, 10 феврал, мавриди раъйгирӣ қарор диҳад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сенаторҳоро ба зарурати иттихози иқдомоти оҷил даъват кард: “Ҳоло вақт аст, ки даст ба иқдом бизанем, чунки агар мо ин барномаро билофосила дар маърази иҷро нагузорем, бӯҳрони иқтисодии мо метавонад ба як фалокати миллӣ мунҷар шавад. Миллионҳо тан аз амрикоиҳо аз ҷойи кори худ, аз манзили худ ва аз дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ маҳрум хоҳанд шуд. Ва миллионҳо нафари дигар маҷбур хоҳанд шуд, муддате аз баҳри орзуҳои худ гузаранд.”

Дар тақвият ба ин гуфтаҳои Обама, ахиран омори ҷадиде нашр шуд, ки мегӯяд, танҳо дар моҳи январ теъдоди ҷойҳои корӣ дар Амрико боз 600 000 коҳиш ёфта, мизони бекорӣ дар кишвар ба 7,6 дарсад расидааст.

Тавре ба назар мерасад, Сенат барномаи пешниҳодии Барак Обамаро дар таҳрири худ тасвиб хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресс, алакай тарҳи низ таҳрирхӯрда, вале аз тарҳи Сенат фарқкунандаи ин барномаи кӯмак ба иқтисоди Амрикоро тасвиб кардааст. Обама умедвор аст, ки ҳарду маҷлиси Конгресс ихтилофи назарҳои худ бар сари ин барномаро то миёнаи моҳи феврал рафъ хоҳанд кард ва як барномаи воҳид ва коромаде аз Конгресс ба даст омада, дар маърази иҷро қарор хоҳад гирифт.

Барак Обама мехоҳад, ба хотири ба иқдомоти оҷил таҳрик додани Конгресс ва ба даст овардани пуштибонии мардум, дар ин ҳафта маъракаи густардаеро ба роҳ андозад, ки силсилаи нишастҳои хабарӣ ва мулоқотҳо бо мардум дар аёлатҳои мухталифро дар бар хоҳад гирифт. Ин силсилаи мулоқотҳо аз аёлатҳои бӯҳронзадаи Индиана ва Флорида шурӯъ хоҳад шуд.

Як роҳи дигари расидан ба ҳадаф таҳияи барномаи алоҳидаи наҷоти бонкҳост, ки интизор меравад, рӯзи сешанбе аз ҷониби вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер муаррифӣ шавад. Тарҳи барномае, ки шеваи масрафи нимаи дуввум аз 700 миллиард доллари соли гузашта ба хотири кӯмак ба бахши молии иқтисоди Амрико ҷудошударо таъйин мекунад, бояд рӯзи душанбе муаррифӣ мешуд. Вале муаррифии ин барнома ба таъхир гузошта шуд, то ки аъзои Сенат тавонанд бидуни фишору ҳаяҷон ба баррасии барномаи асосии наҷоти иқтисоди Амрико идома диҳанд.

Бино ба хабарҳо, барномаи наҷоти бонкҳо сармоярезии бештари давлатӣ ва ҷуброни бахше аз талафоти молии бонкҳои бӯҳронзада ва ироаи бархе замонатҳо дар мавриди, ба истилоҳ, “қарзҳои бад”-ро дар бар мегирад.

Хабаргузории Ассошэйтед Пресс аз қавли вазири собиқи кори Амрико Роберт Рейх навишт, ки дар ҳоли ҳозир шумори зиёди бонкҳо дар лаби вартаи варшикастагӣ қарор гирифтаанд, чунки афрод ва ширкатҳо тавони пас додани қарзи аз бонкҳо гирифтаи худро надоранд. Ба гуфтаи иқтисодшиносон, агар монанди соли гузашта имсол низ аз шеваи ғалати наҷоти низоми молӣ кор бигиранд, натиҷа ҳамон хоҳад шуд ва Амрико имсол низ ба мавҷи нави шикасти бозорҳои молӣ, комилан баста шудани бозори қарз, расвоии ширкатҳо ва аз байн рафтани ҷойҳои корӣ рӯбарӯ мешавад. Роберт Рейх мегӯяд, таркидани ҳатто як бонки бузург метавонад ба силсилаи бепоёни таркишҳо оғоз гузорад. Ва ҳадаф аз пойфишориҳои Барак Обама низ ҳанӯз бонке нотаркида, иқдом кардан аст.
XS
SM
MD
LG