Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе "Тангем"-ҳоро манъ кард


Шаҳрдории шаҳри Душанбе ҳаракати минибусҳои сохти Чинро, ки ба унвони «Тангем» машҳуранд дар хиёбонҳои аслии шаҳр манъ кардааст.

Шаҳрдори ин иқдоми худро аз як сӯ ба бехатарии ҳаракати нақлиёт рабт дода, аз сӯи дигар гуфтааст, ки ҷои ин минибусҳои мусофиркаши шахсиро ба тролейбусу автобусҳо хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки ахиран шаҳрдорӣ барои хариди 150 автобус ва 60 троллейбус аз Русия маблағ ихтисос додааст.

Ба ин далел Абдуҳамид Миралиев, муовини шаҳрдории шаҳри Душанбе, манъ кардани минибасҳоро чунин тавзеҳ дод: «Минибусҳои навъи «Дамас», «Чанху» ва «Хафей» дар фаолияти мусофиркашонӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, маҳдуд карда мешавад. Фаёолияти ин гуна нақлиётҳо аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то хиёбони Рӯдакӣ ва аз кӯчаи Неъмат Қарабоеву Фирдавсӣ то кӯчаи Саъдии Шерозӣ манъ карда мешавад.»

Вале бархе аз сокинони шаҳри Душанбе ба умеди ваъдаи автобусу тролейбусҳо нашуда, беҳтар медонанд, ки ҳамин минибусҳои «Тангем» ба мардум хидмат расонанд.

Public Transportation
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00


Барои мисол Абдулқаҳор, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар кӯча мунтазири нақлиёти мусофиркаш буд, чунин гуфт, «мо мунтазири нақлиёт ҳастем, ба кор рафтан лозим аст аммо, мутаасифона, наметавонем. Тангем як сомон буд ва ба ҷои кор дар 15 дақиқа мерасонд. Аммо аз ин ба баъд мо маҷбур ҳастем, ки ду соат пеш аз хона бароем ва ба кор равем.»

Чунин иқдоми шаҳрдориро ронандаҳои минибусҳо ё Тангемҳои истеҳсоли Чин хуш напазируфтаанд. Ба гуфтаи ронандаҳо, бо ин иқдом мақомоти шаҳри Душанбе садҳо нафарро дар вазъи мушкил қарор дод, зеро садҳо нафар бо мусофиркашӣ зиндагии худро таъмин мекард. Ислом, ронандаи «Тангем», дар бораи манъ кардани мусофиркашӣ бо «Тангем» ва мушкилоти мардуми шаҳр гуфт, «ба мо иҷозат намедиҳанд, ки мо мардумро то маркази шаҳр расонем. Донишҷӯёни бечора ҳатто ба донишгоҳҳои худ рафта наметавонанд. Бигзор иҷозат бидиҳанд то наздикиҳои марказ равем. Мардум ниёз доранд.»

Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳамид Миралиев дирӯз дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки қарори манъи ҳаракати мошинҳои сабукрави мусофирбари ҳафт ҷойи нишастдошта дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо мақсади кам кардани шумори хеле зиёди нақлиёт дар баъзе қитъаҳо қабул гардид.

Ба гуфтаи вай, феълан дар ҷумҳурӣ шумори мошинҳои мусофирбари маъруф ба «Тангемка» то 5,5 ҳазор адад мерасад. «Онҳо метавонанд тибқи хатсайрҳои қаблӣ бидуни ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои манъшуда кор кунанд. Оқои Миралиев тавзеҳ дод, ки моҳи феврал ба Душанбе 150 автобус ва 60 троллейбус ворид карда мешаванд, ки бо 514 адад нақлиёти мусофирбари шаҳр аз рӯи хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард. Вай афзуд, автобусҳои хурди навъи «Газел», ки аз аввали соли гузашта шуморашон аз 1500 то 400 адад коҳиш ёфтааст, низ бо ин хатсайрҳо ҳаракат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG