Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҳашт ширкати мобилии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз тарҳи таъсиси Маркази воҳиди мухобиротӣ дар ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” лағви онро аз президент Раҳмон дархост кардаанд.

Ғафур Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ мисли тарҳи се соли қабл аст, ки бидуни заминаи воқеъӣ ва ҳуқуқӣ омода ва барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ тасвиби ин тарҳ паёмадҳои ногуворе дорад, ки метавонад кулли дастовардҳо дар бозори мухобиротии кишварро, ки дар идомаи бист соли ахир ба даст омадааст, ба ҳам занад: “Мутаассуфам, ки дар таҳия ва омода кардани ин тарҳ моро даъват накарданд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки он бо мавқеъи масъулони ширкатҳои мобилӣ дуурст намегирад, онҳо дар номаи кушодае мулоҳизоти худро навишта ва радди ин тарҳро аз раисиҷумҳур хостаанд. Аввалан ин ки ин тарҳ ширкатҳои мобилиро дар таҳти назорати шадиди “Тоҷиктелеком” қарор медиҳад ва ин монополияи давлатӣ аст ва ин фаъолияти раҳбарони ширкатро маҳдуд ва ҳаққи онҳоро нақз мекунад”.

Раҳбарони ширкатҳои мобилӣ низ дар номаи худ ба унвони президент Раҳмон тарҳи нави вазорати роҳ ва мухобироти Тоҷикистонро хилофи қонун, аз ҷумлаи қонун “Дар бораи рақобат ва маҳдуд намудани фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои молӣ”, номидаанд.

Аммо Бег Зуҳуров, масъули бахши мухобирот дар Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ ин ҳамаро баҳонае беш надонист ва гуфт, ки тасмими онҳо ҷиддист ва танҳо барои шаффофияти кори ширкатҳои мобилӣ гирифта шудааст.

Ғафур Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, бо радди даъвои оқои Зуҳуров мегӯяд, шаффофияти кори ширкатҳои мобилӣ то ҳоло низ пӯшида набуд. Ба гуфтаи вай, тӯли ҳар моҳ даромаду баромади ширкатҳои мобилӣ аз сӯйи мақомоти молиёт ё андоз санҷиш мешавад, ки наметавонад боъис ба миён омадани чунин як мушкил шавад: “Ҳар як ширкат муҷаввизи байнулмилалӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳич як аз раҳбарони ширкатҳои ҷонибдори он нестанд, ки шаффофияти фаъолияти худро таҳти суол баранд. Гузашта аз ин, ширкатҳои моро мақомоти мухталифи давлатӣ назорат ва тафтиш мекунанд, ки ҷойи шубҳа нест”.

Ҳамин тавр, раҳбарони ҳашт ширкати мустақил ва пешрави мобилии Тоҷикистон – “Вавилон-М”, “Индиго-Таджикистан”, “Сомонком”, “ТТ – Мобайл”, “Таком”, “Telecomm Technology” ва “ТК – Мобайл” - аз раисҷумҳури кишвар хоҳиш кардаанд, ки ҷиҳати қабули тарҳи вазорати роҳ ва мухобироти Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази воҳиди мухобиротӣ таҳти контроли ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” роҳ надиҳад.

Онҳо мегӯянд, вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон барои дувумин бор тарҳи таъсиси ин гуна Маркази воҳидро ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад, ки тасвибу иҷрои он ғайримумкин аст. Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, ҳам мегӯяд, моҳи марти соли 2006 коршинсони Бонки ҷаҳонӣ унвонии нахуствазири Тоҷикистон нома фиристода ва аз паёмади ногувори ин тасмим ҳушдор дода буданд.

Аммо бархе аз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикисон мегӯянд, барои онҳо бефарқ аст, ки ин Марказ чи гуна ва дар куҷо бунёд мешавад, агар баробари таъсиси он нархномаи хадамоти ширкатҳо тағйир накунад ва барои онҳо мушкилӣ пеш наорад. Аммо онҳо низ тарафдорӣ аз он мекунанд, ки бештари ширкатҳо озод ва назди муштариёни худ масъул бошанд.

Бо ин ҳол, раҳбарони ширкатҳои мобилӣ бовар доранд, ки вуҷуди ширкатҳои мобилияшон бо бештар аз се миллион муштарӣ ба мушкили ҷиддие рӯбарӯ намешавад ва раисиҷумҳур низ номаи онҳоро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG