Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Қазоқистон дастикам дуҳизбӣ мешавад


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба қонуне имзо гузошт, ки ҳузури дасти кам ду ҳизби сиёсӣ дар парлумони ин кишварро замонат медиҳад. Қонуни ҷорӣ танҳо ба аҳзобе, ки дар интихоботи ҳадди ақал 7 дарсад овоз гирифтаанд, ҳаққи вуруд ба парлумонро медод. Вале тарҳи нави қонун ба ҳизбе, ки дар интихоботи мақоми дуввумро ба даст меорад, сарфи назар аз чанддарсад овоз гирифтанаш, чунин ҳаққро эъто мекунад. Дар парлумони феълии Қазоқистон тамоми курсиҳо дар дасти вакилони ҳизби Назарбоев аст. Аммо раҳбари худкомаи Қазоқистон мехоҳад дар пешорӯи ба симати раёсати давраии САҲА нишастани кишвараш эътибори Қазоқистон ҳамчун кишвари демократиро болотар бардорад.
XS
SM
MD
LG