Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози сафари Раҳмон дар Рига


Latvia -- Tajik President Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ дар Рига, 9 феврали соли 2009.

Latvia -- Tajik President Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ дар Рига, 9 феврали соли 2009.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон силсиласафараш ба кишварҳои Аврупоро рӯзи 8 феврал аз дидори Латвия оғоз кард.

Шоми якшанбе ӯ ҳамроҳ бо ҳамтои латвониаш Валдис Затлерс дар Рига бозии хоккей байни тимҳои Латвия ва Италияро тамошо кард.

Президент Раҳмон ва ҳамтои латвонии ӯ - Валдис Затлерс, Рига 9 феврали соли 2009.
Тавре намояндаи дафтари матбуоти раисиҷумҳурии Латвия хабар дод, Затлерс ва Раҳмон созишномаи пешгирӣ аз андози дубора, ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ ва ҳамкории вазоратҳои умури хориҷиро имзо хоҳанд кард. Ҳамчунин интизор меравад, Раҳмон дар бизнес-форуми соҳибкорони латишу тоҷик ширкат кунад. Дар ин ҷо низ як силсила аҳдномаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла созишномаи ҳамкории утоқҳои бозаргонии ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Дар чаҳорчӯби сафар президенти Тоҷикистон инчунин бо раиси порлумон -- Сейми Латвия, Гундар Даудзе ва сарвазири Латвия Ивар Голдманис мулоқот хоҳад кард. Вай инчунин аз Осорхонаи Ишғоли Латвия аз тарафи Шӯравӣ дидан мекунад.

Шоми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати расмии кишвараш озими Бруссел хоҳад шуд. Дар Бруссел оқои Раҳмон бо раҳбарони Белгия ва мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунад. Суханронии ӯ дар парлумони Аврупо низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG