Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Австралия аз 130 гузашт


Шумори қурбониёни сӯхторҳои ахир дар Австралия болиғ аз 130 нафар шуд. Ин сӯхторҳо пурқурбонитарин оташсӯзӣ дар таърихи ин қоракишвар унвон мешавад. Ба хотири фурӯ нишондани алангаи оташ дар аёлатҳои Виктория ва Уэлси нави ҷанубӣ ҳазорон сӯхторнишонҳо ҷалб шудаанд. Сӯхтор шаҳрҳои воқеъ дар ҳошияи Мелбурн, дуввумин шаҳри бузурги Австралияро пурра ба коми худ фурӯ кашида, хонаводаҳои зиёдеро аз сарпаноҳ маҳрум кардааст. Ба гумони пулис, бархе сӯхторҳо қасдона сар задаанд. Сарвазири Австралия Кевин Радд ҳалокати афрод бар асари сӯхторро ҳатто “куштори ҷамъӣ” номид.
XS
SM
MD
LG