Пайвандҳои дастрасӣ

Қадами дигари филми Деннӣ Бойл ба сӯи "Оскар"


Филми коргардони бритониёӣ Дэннӣ Бойл “Миллионере аз вайрона” 7 ҷоизаи имсолаи Фарҳангистони синамову театри Бритониёро ба худ ихтисос дода, қадами дигаре ба сӯи дарёфти ҷоизаи мӯътабари “Оскар” гузошт, ки маросими эътояш рӯзи 22 феврал баргузор мешавад. “Миллионере аз вайрона” қаблан 4 ҷоизаи муҳими “Голден глоб”, ё худ “Кӯрраи тиллоӣ”-ро низ ба даст оварда буд. Ин филм достони зиндагии наврасе аз шаҳри Мумбайи Ҳинд аст, ки ба даври ниҳоии сабқати “Кӣ миллионер шудан мехоҳад?” роҳ ёфта, худро аз чанголи қашшоқӣ берун мекашад. Фарҳангистони синамо ва театри Бритониё имсол ҳамчунин ҷоизааш барои беҳтарин ҳунарпешаи занро ба Кейт Винслет барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Хонанда” ва ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди мардро ба Миккӣ Рурк барои иҷрои нақӯи аввал дар филми “Гӯштингир” эъто кард.
XS
SM
MD
LG