Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурби доллар дар Душанбе пойин омад


Ҷастухези нархҳо дар саррофиҳои Душанбе каме таскин ёфта, қурби доллари амрикоӣ дубора пойин омад. Нархи як доллар дар саррофиҳо акнун дар байни 3 сомониву 74 дирам ва 3 сомониву 78 дирам чарх мезанад. Дар ҳафтаи гузашта қурби доллар дар саррофиҳо босуръат боло рафта, болиғ аз 4 сомонӣ шуд. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамин ҳол, қурби расмии як доллари амрикоиро наздики 3 сомониву 73 дирам таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG