Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда-1 "Барқи Тоҷик"-ро ба додгоҳ мекашад


Маъмурияти нирӯгоҳи аввали Сангтӯда ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”-ро ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашида, аз “Барқи Тоҷик” пардохт кардани 16 миллион сомонӣ ҳаққи нирӯи барқи соли гузашта тавлидшуда дар ин нирӯгоҳро тақозо хоҳад кард. Мақомоти нирӯгоҳи аввали Сангтӯда, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба Русия тааллуқ дорад, мегӯянд, талошҳои онҳо ҷиҳати аз “Барқи Тоҷик” рӯёндани ин маблағ, ки муодили тақрибан 4 миллион доллари амрикоист, бенатиҷа анҷом ёфта, чорае ба ҷуз аз муроҷиат ба додгоҳ барояшон боқӣ намегузорад. Нирӯгоҳи аввали Сангтӯда аз моҳи январи соли гузашта ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ карда, дар ин муддат беш аз 1 миллиарду 200 миллион киловатт-соат барқ тавлид кардааст.
XS
SM
MD
LG