Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, мавсими нав 15-уми феврал бо мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик, оғоз мешавад.

Ин мусобиқаи анъанавӣ аз 2 давр иборат аст. Даври аввал дар се минтақа - Душанбе, Суғд ва Хатлон - доир мегардад. Баъдан беҳтарин дастаҳои мусобиқаи минтақавӣ дар даври ниҳоӣ, ки аз 3-юм то 12-уми март дар ноҳияи Шаҳринав баргузор хоҳад шуд, ширкат меварзанд.

Инчунин бо тасмими Федеросиюни футболи Тоҷикистон мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дар ду давра барпо мегардад. Дар назар аст, ки мусобиқоти имсола бо ширкати 12 даста 1-уми апрел шурӯъ хоҳад шуд . Маблағи ҳаққи ширкат дар мусобиқот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Дастаҳое, ки ин маблағро то 1-уми март намесупоранд, ба сабқат роҳ дода намешаванд.

Федеросиюни футболи кишвар, инчунин, тасмим гирифт, ки имсол Ҷоми президенти Тоҷикистонро доир хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG