Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони «Moscov Open-2009»


Фаррух Амонатов
Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009», ки рӯзи якшанбеи 8-уми феврал ба анҷом расид, дар 9 бозӣ 6,5 имтиёз ба даст овард.

Вай дар даври охирин бар шатранҷбози Укроин Ярослав Зеребух пирӯз шуд. Бад-ин тартиб Ф. Амонатов дар сабқати «А» дар 5 дидор ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва танҳо дар як бозӣ мағлуб шуд ва байни 318 нафар ҷои 12-умро касб кард.

Шатранҷбози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Александр Онишук бо 7,5 имтиёз ғолиби сабқати «А» гардид. Сергей Тивякови ҳолландӣ ва Эрнесто Инаркиеви рус бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севум қарор гирифтанд.

Маблағи ҷавоизи сабқати «А» 3 миллион рубли русиро ташкил медод, ки аз ҷумла ба ғолиби сабқат 500 000 рубл супурда шуд.

Шатранҷбози дигари тоҷик Зариф Сафоев дар сабқати «В» дар 9 дидор 5 имтиёз ба даст овард. Вай дар 5 бозӣ пирӯз шуда, дар 4 бозӣ мағлуб гашт ва байни 453 нафар ҷои 195-умро соҳибӣ кард.

Дар гурӯҳи «В» шатранҷбози Арманистон Сурен Погосян бо 8,5 имтиёз ғолиб омад. Ҳамватани ӯ Давид Геворгян ва Сергей Вдовини рус бо 8-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севум ҷой гирифтанд.

Маблағи ҷавоизи сабқати «В» 1 000 000 рубли русиро ташкил медод, ки аз ҷумла ғолиб соҳиби 150 000 шуд.

Дар сабқати занон дар гурӯҳи «С» Наталя Погонина, аз Русия, ки аз 9 бозӣ 8 имтиёз ба даст овард, мақоми аввалро касб карда, бо 150 000 рубл мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG