Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои Толибони Покистон дар бораи куштори асир


Шӯришиёни Толибони Покистон навори видеоиеро ба наомиш гузоштаанд, ки дар он ҷасади бесари геологи Полша ё Лаҳистон нишон дода мешавад. Вай аз моҳи сентябр то ҳол дар асорат ба сар мебурд. Тундравҳо мегӯянд, онҳо сари ин асирро баъд аз он аз танаш ҷудо кардаанд, ки ҳукумати Покистон раҳоии тақрибан 60 нафар шӯришиёнро аз зиндонҳо рад кардааст. Шӯришиён барои раҳоии зиндониёни худ ба ҳукумат то 6-ӯми феврал зарбулаҷал таъйин карда буданд. Мақомоти расмии Лаҳистон мегӯянд, ки онҳо то ҳол интизори таъйиди расмии ин хабар аз сӯи ҳукумати Покистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG