Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи ҳизби ҳоким дар интихобот пирӯз шуд


Натоиҷи интихоботи миёнадаврӣ барои ишғоли курсии холишуда дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи 8 феврал дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълом гардид. Дар ин сабқат, ки миён намояндагон аз ҲХДТ ва ҲНИТ ҷараён гирифт, Амир Каттаев-намоянда аз ҲХДТ бо касби 92 дар сади оро баранда эълом шуд. Кавгӣ Раҳимов-масъули кумиссиюни ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки Амир Каттаев вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Аммо рақиби вай Абдуллоев Додхудо аз ҲНИТ бо касби наздики 7 дар сади раъйи интихобкунандагон дар ин сабқат мағлуб шудааст. Зимнан ҲНИТ наҳваи баргузории ин интихоботро ғайридемократӣ ва ғайриозод хондааст ва қасд дорад бо баргузории ҷаласа дар сатҳи Шӯрои сиёсиаш вокуниши худро баён кунад.Барандаи интихобот Амир Каттаев қаблан раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG