Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Амрико Барак Обама гуфтааст, барои ихтисоси садҳо миллиард доллар ҷиҳати наҷоти иқтисоди кишвар бо Сенат мубориза мебарад.

Обама ҳатто маҷбур маҷбур шуд, ки маъракаҳои пешазинтихоботиашро ба ёд оварда, барои дастгирӣ мустақим ба мардуми кишвар муроҷиат намояд. Зимни паёми телевизионии ҳарҳафтаинааш ба мардуми Амрико Обама зарурати ҳарчи зудтар қабул шудани ин барномаро чунин шарҳ дод:

“Мо имкон надорем дар чунин шароит рақиби худро интихоб кунем. Арқому тахминҳои ин тарҳ дуруст аст. Ва бояд бидуни таахир фавран амал кард. Чун ки агар мо фавран ба аноҷми ин тарҳ напардозем, бӯҳрони иқтисодиамон ба фоҷеаъи миллӣ мубаддал мешавад. Миллионҳо сокинони Амрико ҷойҳои корӣ, манзил ва бимаи шахсии тиббиашонро аз даст хоҳанд дод.”

Дар паёмаш Обама ба ҷумҳурихоҳон муроҷиат намуда гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи охир шаҳодат медиҳад, ки мардум фалсафаи иқтисодиашонро қабул надорад ва Сенат бояд барномаи наҷоти иқтисодиро ба тасвиб расонад. Обама аломатҳои ҳосили созиш миёни намояндагони ду ҳизб дар Сенатро истиқбол намуда бо афсурдаги иттилоъ дод, ки моҳи январ дастикам 600 ҳазор ҷойи корӣ аз байн рафтааст.

Раиси Шӯрои миллии иқтисодӣ Ларри Саммерс гуфтааст, ки “Барномаи нави эҳёи дороии харобшуда” ё TARP ангезиши бозори вом ва ихтисоси ҳадди ақал 50 миллиард доллар барои дастгирии бозори манзили карахтшударо дар назар дорад.
Вазири молия Тимоти Гейзнер ҳафтаи ҷори пешниҳодоти худ дар бораи хароҷотӣ 350 миллиард долари боқимондаи TARP-ро муаррифи хоҳад кард.

Дар изҳороти вазорати молия омадааст, ки райдиҳӣ дар мавриди тарҳ дар Сенат 9 феврал доир мешавад ва мақомдорони вазорат дар давоми ин рӯз бо сенаторҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ҷумуҳрихоҳони Сенат баъд аз музокироти мушкил гуфтаанд, ки агар харҷи дар назар гирифташуда на 900, балки 800 миллиард долларро ташкил диҳад онҳо ба ҷонибдории он овоз хоҳанд дод.

Ва аммо Самерс зимни мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии Эй-Би-Си ихтисори тақрибан 40 миллиард доллар кӯмаки молӣ ба аёлатҳоро мавриди интиқод қарор дода гуфт, фишори ҷумҳурихоҳон ҷиҳати коҳиши андозситонӣ ҳукуматро маҷбур хоҳад кард, ки буҷҷаи мактабҳоро камтар кунад. Самерс ҳушдор дод, ки дар натиҷа аёлатҳо ва ҳукуматҳои маҳалӣ бо мушкилиҳои бузург рӯбарӯ шуда, чархиши хеле хатарнок ба амал меояд, аз ҷумла басташавии корхонаҳо, арзоншавии нархи манзил, поинрафтани андоз аз дороӣ ва дар натиҷа боз аз байн рафтани ҷойҳои корӣ.

Вай таъкид кард, ки ба ин чархиш бояд хотима дод ва барои ин зарур аст ҷонибҳо ба як назари муштарак бирасанд ва раисиҷумҳур низ дар раванди расидан ба тавофуқ фаъолона ширкат хоҳад кард. Бо вуҷуди ин Самерс гуфт, ки тарҳи Обама ва тарҳи ҷумҳурихоҳон хеле наздиканд ва фарқи зиёд надоранд.
Сенатори демократ Чак Шумер дар сӯҳбат бо хабаргузории Си-Эн-Эн низ фикри ҳамсонро изҳор намуда пешгӯӣ кард, ки то охири ҳафта қонун ба тасвиб мерасад.

Ин дар ҳолест, ки Обама барои касби дастгирии бештари тарҳаш қасд дорад мавзуро дар баробари мардуми оддӣ матраҳ кунад. Ҳамин тавр имрӯз ӯ дар як маросим дар аёлати Индиана ва фардо дар аёлати Флорида суханронӣ хоҳад кард. Бо вуҷуди аломатҳои тавофуқ миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон сенаторҳои мухолиф бар ин назаранд, ки тарҳи Обама ин сарфи беҳудаи маблағи бениҳоят бузург аст.

Сенатори ҷумҳурихоҳ аз кумитаи бонкҳо Ричард Шелби ба хабаргузории Си-Эн-Эн гуфт, мо дар самти фоҷеъаи молӣ сарнишеб ҳаракат дорем. Ин роҳи нодуруст аст ва мо ҳоло барои ин хато баҳои гароне хоҳем пардохт. Ба ақидаи сенатор, ҳукумат бояд пеш аз ҳама ба таҳкими низоми бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад. То замоне, ки эътимод дар низоми молиамон барқарор ва сармоягузори аз сар гирифта нашавад, ҳаракати сарнишеби иқтисод идома хоҳад кард, гуфт вай.
XS
SM
MD
LG