Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гуфтугӯи телефонии асиронро кам карданд


Соҳиби киштии Фаина, ки дар соҳилҳои Сомалӣ дар моҳи сентябр аз сӯи роҳзанон рабуда шуд, пофишорӣ мекунад, ки арзиши гуфтугӯҳои телефониро, ки ҳангоми дар асорат будани киштӣ асирон анҷом додаанд, камтар кунанд. Виктор Николский-иҷрокунандаи фармондеҳи киштии Фаина гуфтааст, соҳиби киштӣ барои ҳар сарнишини киштӣ 200 долларӣ барои гуфтугӯҳои телефонӣ кам кардааст. Ин киштӣ тонку рокетандоз ва соири муҳимоти ҷангии Укроинро ба Кения интиқол медод ва онро роҳзанон дастгир карданд. Роҳзанон дар аввал тақозо мекарданд, ки барои раҳоии киштӣ ба онҳо 25 миллион доллар ришва пардохт кунанд, вале баъдтар онҳо бо гирифтани 3,2 миллион доллар киштиро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG