Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири занони Ироқ аз мақомаш истеъфо дод


Навол ал Самария-вазири Ироқ дар умури занон ба таври расмӣ аз мақоми худ истеъфо дод. Вай гуфтааст, барои иҷрои вазоифи худ дар ин мақом сармояи зарурӣ вуҷуд надорад. Хонум самария рӯзи 3-юми феврал истеъфои худро пешниҳод кард ва гуфт, вай дар вазорати худ танҳо 18 коргар ва дар ихтиёр пули ночизе дорад, то битавонад мушкили 3 миллион зани бева ва занони дигарро, ки ба душвориҳои ҷанги шашсола рӯ ба рӯ ҳастанд, мубориза кунад. Хонум Самария гуфтааст, будҷаи моҳонаи вазорати вай ба сабаби поин рафтани нархи нафт аз 7 500 доллар то 1 500 доллар кам шудааст.

XS
SM
MD
LG