Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Белгия оғоз мешавад


Имрӯз боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Белгия оғоз мешавад. Вай дар ҷараёни ин боздид бо ниҳодҳои Иттиҳодияи Аврупо низ мулоқот анҷом хоҳад дод. Боздиди мазкур аз 9-ӯм то 12-ӯми феврал давом мекунад. Боздиди расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Белгия бо даъвати Ҳерман ван Рампей-нахуствазири ин кишвар анҷом мегирад. Дар барномаи боздид мулоқот бо Албетри 2-шоҳи Белгия низ дар назар гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин боздид ҷониби Тоҷикистон ва Белгия як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард, ки метавонад заминаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф фароҳам созад. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо, бо Ҳовиер Солоно-масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва бо Бенита Ферреро Валднер-Кумиссари Кумиссиюни Аврупо низ дар назар аст. Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порламони Аврупо дар бораи дурнамои рушди ҳмкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кунад. Дар ҷараёни боздид аз Белгия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гушоиши бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG