Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тасвиби барномаи танзими молиро зарур медонад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз конгресси кишвараш хост, ки ҳар чӣ зудтар барномаи танзими иқтисодро, ки давлати вай таҳия кардааст, ба тасвиб расонанд. Ба гуфтаи вай, барои наҷоти ихқтисоди Амрико "пул хеле зарур" аст. Сенаторҳо рӯзи шанбе қонун дар бораи 800 миллиард доллар барномаи танзими молиро баррасӣ карданд. Интизор меравад, ки ҳафтаи ҷорӣ барои тасвиби ин санад дар конгресс райдиҳӣ сурат бигирад. Дар асл Обама барномаи танзими молиро 900 миллиард долар пешбинӣ карда буд, вале 100 миллиард доллари он, ки аслан барои масориф дар бахшҳои омӯзишу парвариш пешбинӣ шуда буд, ҳазф гардид.

XS
SM
MD
LG