Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз тавсиъаёбии буҳрони иқтисодӣ ҷавонҳои зиёди бритониёиро, ки нийят доштанд имсол арӯсӣ кунанд, барои бознигарӣ кардани ин барномаҳояшон водор кардааст.

Як таҳқиқоти маркази назархоҳии «Civitas»-и Лондон дар ин замина мегӯяд, ки ҳудуди 80 дарсади ҷуфтҳое, ки нақша доштанд имсол маросими арӯсии худро барпо кунанд, бо сабаби болоравии мизони бекорӣ дар Бритониё ва нийяти бисёр ширкатҳо барои ихтисори нерӯи корӣ гуфтаанд, ки аз баргузории ҷашни ҷашни арӯсӣ худдорӣ хоҳанд кард. Анастасия Де Ваал, як масъули ин маркази назархоҳӣ, мегӯяд, ки аксари ҷуфтҳо маҳз бо сабаби набуди амнияти иҷтимоъӣ ва як эътидоли корӣ тасмим мегиранд, ки нақшаҳои барпо кардани оилаи худро мутаваққиф кунанд.

Дар таҳқиқоти мазкур назари 1560 ҷавони синни 20 – 35-сола мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Як духтари англис бо исми Ҷеннӣ Браун дар суҳбат бо хабаргузории «Ройтерс» гуфтааст, ки ӯву номзадаш тааҳҳуд кардаанд, ки имсол маросими ақди никоҳи худро баргузор кунанд. Аммо ҳоло, мегӯяд вай, ҳарчанд ҳам писари дӯстдоштаам пешниҳоди баргузор кардани ҷашни арӯсиро кунаду ман розӣ шавам, аммо намехоҳам, ки як маросими ботантанаву пурхарҷе ташкил шавад.

Таҳқиқоти маркази «Civitas» баёнгари ин аст, ки 50 дарсади ҷуфтҳои дар пурсиш иштироккарда ба ҳеч ваҷҳ назари худро аз издивоҷ бо номзади дӯстдоштаашон дигар карданӣ нестанд ва фақат маросимро ба вақти беҳтар мутаваққиф хоҳанд кард.

Изабел Ли, духтари 28-солаи чинии муқими Лондон, дар ҳамин ҷо донишгоҳро бо ихтисоси тарҷумони забонҳои инглисиву чинӣ хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, бо сар задани буҳрони сартосарӣ инак чанд моҳ аст, ки бекор мегардад ва маҷбур шудааст, дар чунин шароит сарфакорона зиндагиашро идома диҳад: «Ман мисоли хеле хуби пайомадҳои ин вазъи буҳронӣ ҳастам. Маро ба як ширкати тавлидкунандаи LCD-монитор ба кор гирифтанд. Даромадҳои ин ширкат дар солҳои 2006 – 2007 хеле хуб ва баланд буд. Ман дар оғози соли 2008 ба ин корхона ба кор даромадам ва, бо назардошти синну соли ман ва дар муқоиса бо ҳамин вазифа, дар корхонаҳои дигар маъоши ман хеле хуб буд. Ман хеле розӣ будам».

Аммо дар декабри соли гузашта ширкат маҷбур мешавад, ки дар фазои амиқрафти буҳрони иқтисодӣ коргарони зиёдро ихтисор карда, аз ҷумла Изабелро низ аз вазифа сабукдӯш кунад. Ин духтар мегӯяд, инак ду моҳ аст, ки дар хона истода кӯшиш мекунад барои худ ҳар навъ кореро наздик ба ихтисосаш пайдо кунад.

Системаи корҷӯӣ дар Бритониё ва аксар давлатҳои ғарбӣ чунин ба роҳ монда шудааст, ки шарт нест нафари корҷӯянда дар ба дари корхонаву ширкатҳо гашта ва ё аз рӯи эълонҳо ба худ кор ҷустуҷӯ кунад. Вай ба ожонсиҳои корҷӯянда муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки барояш аз рӯи ихтисос коре пайдо кунанд. Ходимони чунин ожонсиҳо, ки хидмати бепулро анҷом медиҳад, дар натиҷаи ҷустуҷӯву пурсишҳо ба муштарии худ мулоқоту мусоҳибаҳоро бо ширкатҳои ниёзманди мутахассисон ташкил мекунад. Ва танҳо баъди ба кор қабул шудан вай дар натиҷаи қарордоде ба ожонсӣ маблағе пардохт мекунад.

Изабел Лӣ мегӯяд, ки ба фарқ аз солҳои пеш, ҳоло шунидани пешниҳоди шоиставу хубе қариб ғайриимкон шудааст: «Ман аз ожонсиҳо пешниҳоди хеле каме гирифтам. Ва то ҳанӯз ман боре ҳам барои мусоҳиба бо ширкате даъват нашудаам. Як дӯсти ман мудири бахши бозорёбӣ мебошад ва хушбахтона соҳиби кор аст. Вай нақл кард, ки дар ин рӯзҳои буҳронӣ шумори бекорон хеле зиёд шудааст. Масалан, вақте онҳо огаҳиеро барои ҷалби як коргар дар шабакаи Интернет гузоштанд, дар давоми ду соат ба онҳо 250 нафар муроҷиат кардааст. Ана шумо тасаввур кунед, ки чӣ қадар мардуми зиёд дар ҷустуҷӯи кор мегарданд».

Изабел мегӯяд, ки дар моҳи январ бо кори тарҷумонӣ тавонистааст фақат 300 фунт ба даст оварад, ки ин камтар аз 25 дарсади даромади пешинаи ӯро ташкил медиҳад. Ӯ бисёр нигарон аст, ки вазъаш чӣ мешуда бошад. Ва ҳоло маҷбур шудааст хароҷоти худро камтар карда, аз истифодаи телефон ва ё хариди ғизои зиёд даст кашад. Охири моҳи ҷорӣ ӯ нийят дошт барои дидор бо волидонаш ба Чин сафар кунад, аммо маҷбур аст аз ин барномаҳо ҳам даст кашад. Қимати билети Лондон – Пекин, мегӯяд вай, дар ҳудуди 400 – 500 фунт аст, ки хеле гарон мебошад.

Шавҳари Изабел – Бен Ҷо, ҷавонмарди 29-сола – ҳоло таъминкунандаи ягонаи хона мебошад. Вай дар як ширкати фурӯши технологияҳои сохти Чин дар Лондон кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз рӯи арзёбиҳои иқтисодшиносон дар Бритониё, таъсири бади буҳрони иқтисодӣ пеш аз ҳама ва бадтар аз ҳама ба ба саноати хурду миёна таъсир кардааст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, соли гузашта мизони содироти бозиҳои бачагонаи тавлиди Чин шадидан кам шудааст. Хабаргузории «Синҳуа» менависад, ки, агар соли 2007 мизони содироти бозиҳо ба кишварҳои ғарбӣ беш аз 20 дарсадро ташкил дода бошад, порсол фақат наздик ба 2 дарсад афзоиш ёфтаасту халос. 60 дарсади бозиҳои бачагонаи ҷаҳон дар Чин тавлид мешавад, аммо азбаски бозӣ чизе нест, ки ҷузве аз тақозоҳои ҳамарӯзаи мардум бошад, ҳаҷми фурӯши он ҳам дар шароити буҳрон шадидан поин рафтааст.

Назар ба арзёбиҳои мутахассисони умури иқтисодӣ, соҳаҳое, ки бо содирот машғул ҳастанд, назар ба риштаҳои дигари иқтисодӣ зарари шадидтар дидааст. Ӯ мегӯяд, даромади ширкати ӯ, ки бо фурӯши технологияҳо машғул аст, дар ин охирҳо ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст, аммо ҳамоно фаъолияташро пеш мебарад. Бен мегӯяд, ки умедвор аст, бо мушкилот ҳам бошад фаъолияташро идома хоҳад дод.

Бен ва Изабел мегӯянд, як таъсири дигари буҳрони молӣ дар ҳаёти онҳо боиси он шудааст, ки феълан наметавонанд дар фикри таваллуди фарзанде бошанд. Онҳо мегӯянд, барномаҳои таваллуд ва тарбияи кӯдакро танҳо дар сурати доштани кори собиту даромадҳои хуб мешавад тарҳрезӣ кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG