Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо шурӯъ мешавад


Tajikistan – Emomali Rakhmon, the Prezident of Tajikistan, Dushanbe, 2008
Tajikistan – Emomali Rakhmon, the Prezident of Tajikistan, Dushanbe, 2008

Рӯзи душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Брусел сафар намуда, бо раҳбарони Белгия ва Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Ҳукумати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари қарибулвуқӯъи расмии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел “сафҳаи наверо дар таърихи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо” боз мекунад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе 9 феврал бо як сафари серӯза ба Брюссел сафар карда аз ҷумла бо Жозе Мануэл Баррозу раиси Кумиссиёни Аврупо ва Ҳавиер Солана – кумиссионери умури хориҷаи ин иттиҳодия дидору мулоқот намояд. Вазорати умури хориҷа бо нашри як баёнияи расмии тӯлонӣ гуфтааст, ин сафар ба таҳкими ҳамкориҳои сиёсиву амниятиву иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин хонавода соли гузашта бештар аз 750 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG