Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари муҳими Раҳмон шурӯъ мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари қарибулвуқӯъи расмии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел “сафҳаи наверо дар таърихи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо” боз мекунад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе 9 феврал бо як сафари серӯза ба Брюссел сафар карда аз ҷумла бо Хосе Мануэл Барросо раиси Кумиссиёни Аврупо ва Хавиер Солана – кумиссионери умури хориҷаи ин иттиҳодия дидору мулоқот намояд. Вазорати умури хориҷа бо нашри як баёнияи расмии тӯлонӣ гуфтааст, ин сафар ба таҳкими ҳамкориҳои сиёсиву амниятиву иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин хонавода соли гузашта бештар аз 750 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG