Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иванов пешниҳоди Амрикоро "мусбат" хонд


Муовини нахуствазири Русия Сергей Иванов, имрӯз гуфт, пешниҳоди Амрико барои нерӯи тоза бахшидан ба ҳамкориҳо бо Русия “бисёр мусбат” аст. Як рӯз пеш аз ин, Ҷоу Байден - муовини раиси ҷумҳури Амрико, зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Мюнихи Олмон хост, то ба гуфтаи ӯ, ба ҳаракати ҳамкориҳои Амрико ва НАТО ба самти хатарнок хотима дода шавад. Қарор аст, имрӯз Ҷоу Байден бо Сергей Иванов дидору гуфтӯгу кунад. Ҳамкориҳои Русия ва Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ баъди муноқиша бо Гурҷистон ва қасди Амрико барои истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупои Шарқӣ латма дидааст.
XS
SM
MD
LG