Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сабқати интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе номзадҳои ҲХДТ ва ҲНИТ ширкат мекунанд.

Масъулини кумисиюни интихоботии Тоҷикистон мегӯянд интихобот дар ин ҳавза баргузор шудааст. Зеро, ба таъйиди онҳо, беш аз нисфи интихобкунандагон дар интихобот ширкат намуданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҲНИТ аз ҷой доштани қонуншиканиҳо дар баргузории интихобот дар бархе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ хабар додаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, дар маҳалли овоздиҳии воқеъ дар бинои бемористони ҷумҳуриявии Қарияи боло бемороне раъй додаанд, ки ҳаққи овоздиҳӣ дар ин маҳалро надоштаанд. Масъулини ҳавзаи интихоботӣ таъйид намуданд, ки шикояти шифоҳии ҲНИТ-ро дарёфт кардаанд, аммо, афзуданд онҳо, санҷиш ҳеч мавриди амалкарди хилофи қонунро ба қайд нагирифтааст.

Дар интихоботи якшанбеи 8-уми феврал ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ду номзад – Додихудо Абдуллоев, аз ҲНИТ, ва Амир Катаев, аз ҲХДТ, – миёни ҳам рақобат мекунанд.

Натиҷаи интихобот 9-уми феврал маълум мегардад.

Дар Маҷлиси Намояндагон 63 вакил ҳаст, ки 2 вакили он ҲНИТ, 3 нафар ҳам аз ҲКТ ва бақияи он аз ҲХДТ мебошанд.
XS
SM
MD
LG