Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз конгресс хост, таъхир накунад


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, аз конгресс даъват кард, то ҳарчӣ зудтар барномаи таҳрики иқтисодии ӯро тасвиб кунад, зеро ба гуфтаи вай, ин пулҳо барои наҷоти иқтисоди Амрико “ниҳоят заруранд”. Рӯзи шанбе вакилони мардумии Амрико дар як нишаст ин барномаи 800 миллиардоллариро баррасӣ карданд, ки қарор аст, ҳафтаи оянда вакилон барои қабули он раъй бидиҳанд. Барак Обама аз конгресс 900 миллиард доллар хоста буд, аммо вакилони мардумӣ 100 миллиард доллари онро кам карданд. Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки ин 100 миллиар доллар харҷи беҳудае хоҳад буд. Бар асоси омори расмии тоза, танҳо дар моҳи январ 600 ҳазор нафар дар Амрико бекор мондаанд ва сатҳи бекорӣ дар ин кишвар ба 7, 6 дар сад расидааст, баландтарин мизон дар 17 соли ахир дар Амрико.
XS
SM
MD
LG