Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бедодгарии сӯхтор дар Австралия


Сӯхтори ваҳшатнок ҳамчунон дар ҷангалзору манотиқи аҳолиниши Австралия бедодгарӣ мекунад, ки то кунун як шаҳрро ба хок яксон дасти кам 65 нафарро ҳалок кардааст. Зоҳиран теъдоди қурбониёни оташсӯзии фалокатбор афзоиш хоҳад ёфт, чун шумораи маҷрӯҳон кам нест ва пулиси Австралия барои пайдо кардани бозмондагон кофтукови 640 хонаи дар коми оташ сӯхтаро идома медиҳад. Ҳазорон тан аз бозмондагони фалокат дар биноҳои муассисаҳои ҷамъиятӣ, мактаб ва дигар паноҳгоҳҳои муваққатӣ ҷамъ шудаанд ва сарбозону оташнишонҳо талош доранд, то алангаҳои азими оташро хомӯш кунанд. Кевин Руд - нахуствазири Австралия, баъди дидани ҷойи ҳодиса, онҷоро “дӯзах” номидааст. Гуфта мешавад, оташсӯзӣ дар баъзе аз ҷангалзорҳо бар асари беэҳтиётӣ сар задааст.
XS
SM
MD
LG