Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмҳо ба сӯи мулоқотҳои муҳим дар Мюних


Қарор аст, имрӯз Ҷоу Байден - муовини раиси ҷумҳури Амрико бо Сергей Иванов – муовини аввали нахуствазири Русия ва ҳам Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон ба таври алоҳида дидору гуфтӯгу кунад. Мулоқотҳо дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии амниятӣ дар шаҳри Мюнихи Олмон сурат мегирад, ки имрӯз ҳам идома дорад. Рӯзе пеш дар ҳамин конфронс Ҷоу Байден хост, то ба гуфтаи ӯ, ба ҳаракати ҳамкориҳои Амрико ва NATO ба самти хатарнок хотима дода шавад. Айни ҳол гуфт, Ҷоу Байден Иёлоти Муттаҳида, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро чун кишварҳои мустақил эътироф нахоҳад кард. Пас аз ҷанги кӯтоҳаш бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта, Русия ҳарду ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро расман эътироф кард.
XS
SM
MD
LG