Пайвандҳои дастрасӣ

Муносибат ба фармони раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳ ба матолиби интиқодии ВАО чи гуна хоҳад буд?

Фармони мазкур вазирон ва роҳбарони муассисаҳои давлатиро муваззаф мекунад ба интиқод ва таҳлилҳои матбуот вокуниш нишон диҳанд ва бо расонаҳо ҳамкории бештаре дошта бошанд, аз сӯи масъулини расонаҳо истиқбол шудааст.

Масъулини расонаҳо ва хабарнигорон мегӯянд, ки ба делели ҳамкорӣ накардани мақомот бо расонаҳо, хусусан расонаҳои ғайридавлатӣ, ва назари бетафовут доштани робарони давлатӣ ба интиқодоти матбуот боис шуда буд, ки нақши матбуот дар танзими равандҳои ҷомиъа камранг шавад. Дар шароити ҷомиъаи демократӣ вокуниши мақомот ба нигоришҳои матбуот бояд ба сурати табиъӣ ҷой дошта бошад. Аммо ҳоло, ки тафаккури масъулин ба он андоза шакл нагирифтааст, созмонҳои хабарнигорӣ ва таҳлилагарон мегӯянд, ки ин фармони раисҷумҳур, агар ба навъи аҳсан аз он истифода шавад, то ҷое метавонад дар боло бурдани нақши матбуот дар ҳалли масоили ҷомиъа муфид воқеъ шавад.

Бисёре аз таҳлилгарон ин иқдоми раисҷумҳурро гоме ба истиқболи матбуоти мустақил чун вокуниш ба мавзеъгирии ахири расонаҳо дар басҳи Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистон унвон кардаанд. Онҳо мегуянд, ки ҳеч гоҳ дар тӯли таърихи ҳукумати худ Эмомалӣ Раҳмон аз чунин пуштибонии густардаи расонаҳо ва хабарнигорон ба андозаи ду ҳафтаи ахир бархӯрдор набудааст. Ва ин иқдоми раисҷумҳур посух ба ҷунин пуштибонии расонаҳост.

Дар шарҳе, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин фармон навиштааст, ҳадаф аз он рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расмӣ унвон шудааст.

Аммо дар айни ҳол бархе аз хабарнигорон, бо таваҷҷуҳ ба инки мақомти расмӣ ҳамеша дар симои матбуоти озод тақрибан душмани худро медиданд, нигарон ҳастанд, ки дар иҷрои фармони мазкур метавонад суиистифода сурат бигирад ва мунҷар ба мушкиле низ барои матбуот бишавад.

Хуб, ба ҳар сурат, ҷиҳати донистани фоидаву зиёни ин фамрон барои матбуот зиёд интизор нахоҳем нишаст. То чор рӯзи дигар рузномаҳо бо таҳлилу интиқод нашр хоҳанд шуд, ва се рӯзи дигар ҳам ба вазирону раисон фурсат мешавад, ки ба дархости шаҳрвандон посух гӯянд.
XS
SM
MD
LG