Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Балҷувон шикори хирсро иҷоза доданд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ноҳияи кӯҳистонии Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон аҳолии маҳаллӣ аз дасти хирсҳо ба дод омада ва аз ҳукумат хостааст, шикори ин хирсҳоро иҷоза диҳад. Ҳарчанд шикори хирс дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо харобкории беш аз ҳадди хирсу хукҳои ёбоӣ дар киштзорҳои мардуми камбизоати рустоҳои Балҷувон мақомотро водор кардааст, ба шакли истисно шикори хирсро дар ин ноҳия иҷоза диҳанд. Теъдоди ин ҷонварҳо дар ҷангалзорҳои зебои Балҷувон маълум нест ва зоҳиран танг шудани муҳити зисти онҳо ҳам сабаб шудааст, киштзорҳои мардуми камбизоатро манбаъи ризқу рӯзи интихоб кунанд, ки он мазраъаҳо манбаъи рӯзии кишоварзони камбизоат ҳам ҳаст.
XS
SM
MD
LG