Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҷоу Байден аз Русия


Ҷоу Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз дар ҳамоиши байналмилалии амниятӣ дар шаҳри Мюних гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Русия бояд ба ҳаракати ҳамкориҳои Маскав ва Паймони Низомии НАТО ба самти хатарнок хотима дода ва ҳавзаҳо барои ҳамкориҳои муштаракро пайдо кунанд: "Амрико ин гуфтаро рад мекунад, ки дастовардҳои НАТО, бохти Русия аст ва нерӯманд шудани Русия заъифии НАТО". Аммо гуфт, вай, Амрико манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ҳамчун бахше аз "ҳавзаи нуфузи Русия" нахоҳад пазируфт. Ҷоу Байден гуфт, ки кишвараш Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият нахоҳад шинохт. Ҷоу Байден гуфт, Русия ва НАТО бояд дар роҳи маҳви Ал-Қоида ва Толибон дар Афғонистогн ҳамкорӣ карда ва роҳро барои коҳиши силоҳҳои ҳастаии худ ҳамвор намоянд.
XS
SM
MD
LG