Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз тағйири сиёсати ИМА ҳарф зад


Ҷоy Байден - муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ҳукумати нави кишвараш дар ҳамкориҳо бо саросари дунё аз шеваи наве кор гирифта ва аз ҳампаймонҳояш ҳам талошҳои бештаре тақозо хоҳад кард. Ҷоу Байден – дар ҳамоиши байналмилалии амниятӣ дар шаҳри Мюнихи Олмон ҳамчунин гуфт, Амрико мойил ба гуфтӯгу бо Эрон аст, ки ин ду кишвар равобити дипломатӣ надоранд. Дар ҳамоиши амниятӣ дар Мюних, ки рӯзи дуввуми кораш идома дорад, Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, Русия хатаре барои ҷаҳон ва ё Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ эҷод намекунад. Айни замон Яаап Де Ҳоп Скеффер – дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, аъзои аврупоии ин созмонро танқид кард, ки аз тақвияти талошҳояшон дар Афғонистон сарпечӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG