Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи иқтисодии Обама аз як зина гузашт


Вакилони ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳ дар Сенати Амрико бар сари як барномаи иқтисодӣ мувофиқат кардаанд.

Ба назари таҳлилгарон, ҳадаф аз ин барномаи серхарҷу чандсадмиллиардолларӣ ҷони тоза бахшидан ба иқтисоди аз ҳаракат бозмондаи Амрикост. Таъхир дар тасвиби ин барнома хашми раисҷумҳури ин кишвар Барак Обамаро овард, ки ваъда дода буд, аз рӯзи аввал ба дармони иқтисоди бемори Амрико шурӯъ хоҳад кард. Ин тарҳ хароҷоти зиёдеро аз тарафи давлат ва ҳамчунин коҳиши андозситониро дар назар дорад, то хароҷоти оммавӣ ва сармоягузорӣ афзоиш ёбад.

Пас аз 5 рӯзи музокирот вакилони олирутбаи Ҳизби Демократ гуфтанд, ки ба хотири ба даст овардани ҳимояти вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷои барномаи пешниҳодии 900-миллиардолларии Обама барномаи 790-миллиардоллариро тарафдорӣ мекунанд. Ба эътиқоди раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Демократ дар Сенат Ҳаррӣ Рейд, 58 вакили демократ, раъйи кофии ҷумҳурихоҳонро барои тасвиби ин барнома ба даст меоранд. Барои тасвиби санаде дар сенат раъйи 60 вакили мардумӣ кофист.

Пештар аз тавофуқи вакилони сенат раисҷумҳури Амрико аз «буҳрони мубрам ва афзояндае» суҳбат кард ва гуфт, ки таъхири сенат дар амри қабули барнома «нобахшиданӣ ва ғайримасъулона» мебуд ва Амрикоро ба фалокат гирифтор мекард.

Б. Обама ба омори тоза аз иқтисоди Амрико ишора кард, ки танҳо дар моҳи январ 600 000 ҷои корро аз даст дода ва мизони бекориро ба 7,6 дарсад расондааст: «Авзоъ аз ин ҷиддитар шуда наметавонад. Ин рақамҳо иқдомотро талаб мекунанд. Нобахшиданӣ ва бемасъулиятӣ мешавад, агар яке аз мо бо парешонӣ, таъхир ва чун ҳамеша дар сиёсат дармонад, дар ҳоле, ки миллионҳо амрикоӣ аз кор берун мешаванд. Ҳоло фурсати он аст, ки конгресс иқдом кунад».

Ба тахмини раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар сенат Митч Макконнел, то барнома дар роҳи рафъи рукуди иқтисодӣ кумаки чандоне нахоҳад кард.

Қарор аст, баҳс дар бораи тарҳи чандсадмиллиардолларии ҳукумати Барак Обама имрӯз ҳам дар конгресси Амрико баррасӣ шавад, вале зоҳиран то рӯзи душанбе раъйгирии ниҳоӣ дар мавриди он тарҳ сурат намегирад. Дар сурати пазируфтани ин тарҳи 790-миллиардолларӣ вакилони мардумии Амрикоро зарур аст, ки ихтилофоти он бо нусхаи 819 миллиардолларии онро рафъ кунанд, ки вакилони мардумии Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳафтаи гузашта бе раъйи ягон вакили ҷумҳурихоҳ тасвиб карданд.
XS
SM
MD
LG