Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Покистон бар қарори баҳсбарангезаш


Ҳукумати Покистон бар дурустии қарори худ ҷиҳати раҳоии олим ва меъмори бомби атомии ин кишвар Абдул Қодир Хон таъкид кард. Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷа рӯзи шанбе гуфт, ҳукумати Покистон тамоми иттилоъоти заруриро аз Абдул Қодир Хон гирифта ва шабакаи ғайриқонунии фурӯши иттилоъоти атомии ӯро баҳам задааст. Ин донишманди покистонро, ки эътироф кард, асрори ҳастаиро ба Эрону Куриёи Ҷанубӣ ва Либия ошкор намудааст, аз соли 2004 то кунун дар ҳабси хонагӣ нигаҳ медоштанд. Амрико аз тасмими Покистон барои раҳоии ӯ ибрози нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG