Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муҳими Мюних идома мекунад


Кори конфронси муҳими амнияти байналмилалӣ дар шаҳри Мюнихи Олмон ба рӯзи дуввуми худ ворид шуд. Франк Валтер Штейнмейер – вазири умури хориҷаи Олмон зимни ифтитоҳи ин нишаст гуфт, ҳоло даричаи фурсат боз аст, то дар масъалаи халъи силоҳ ва дигар масоили дифоъӣ тавофуқ ҳосил шавад. Сергей Иванов – муовини нахуствазири Русия бо ҳамовозӣ ба вазири олмонӣ гуфт, ҳанӯз ҳам тағйироти таърихӣ имконпазир аст. Вай аз ҳукумати нави Амрико хост, мӯҳлати эътибори паймони муҳими халъи силоҳҳои атомиро тамдид кунад, вале гуфт вай, қасди Амрико барои истиқрори сипари дифоъӣ дар Аврупои Шарқӣ кори муносибе дар ин роҳ нахоҳад буд. Интизор меравад, Ҷо Байден - муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз дар нишасти Мюних сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро шарҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG