Пайвандҳои дастрасӣ

Бо идомаёбиии бӯҳрони сартосарии молӣ мардуми Русия низ тадриҷан паёмадҳои ин мушкилотро эҳсос мекунанд.

Муаллиф Хлоя Арнолд

Омори давлатӣ дар бораи болоравии башиддати мизони бекорӣ дар ин кишвар гузориш дода, милёнҳо нафарро водор мекунад, ки дигар маблағҳои худро сарфа кунанд. Ва барои табақаи миёнаҳоли ин кишвар, ки мегӯянд, дар тӯли панҷ-шаш соли охир тоза ба ҳаёти як андоза беҳтар одат карда буданд, паёмадҳои бӯҳрони молӣ дарднок қабул мешавад.

Ҳанӯз ду ҳафта пеш Вероника Нарожная ба ҳайси котиба дар як ширкати муҳосиботии ғарбӣ кор мекард. Ин ҷавонзани 24-сола бо ихтисоси равоншинос дар ширкат якуним соли охир кор мекард, аммо акнун ҳама чиз дигар шуд. Вай мегӯяд, "як рӯзи оддии корӣ буд ва дар охири рӯз раҳбари ман бароям хабари хеле бадро расонд. Ба қавли Гогол, "рӯз-рӯзи ҷумъа буд" ва ман дигар корро тамом карда рӯзи душанбе бояд ба кор намеомадам".

Омори расмӣ дар Русия ҳокист, ки то охири соли гузашта бекорӣ дар ин кишвар ним миллион нафарро асар карда, мизони куллии бекориро дар ҳудуди 8 дарсад қарор додааст. Ин маънои онро дорад, ки феълан 5,8 миллион нафар дар Русия расман мақоми бекорро доранд. То охири соли ҷорӣ интизор меравад, ки шумори бекорон дар Русия то 7 миллилон нафарро ташкил диҳад.

Тайи ҳафтаҳои охир мақомот талош карданд, ки миллиардҳо долларо барои тақвияти қурби рубл равона кунанд, ки ба таври чашмрас дар рӯзҳои охир дар муқобили доллари амрикоӣ ва евро уфт кардааст. Ва дар натиҷаи ин уфтҳои шадид, даромади табақаи миёнаҳоли Русия ҳам якбора поин рафтааст.

Агарчанд мизони болои бекорӣ мушкили иқтисодҳои саросари ҷаҳон бошад, аммо вазъи иқтисоди Русия аз иқтисодҳои Ғарб фарқ мекунад. Дар муқоиса бо Амрикову Бритониё, ки ин ҷо иқтисод бештар ғарқи қарзҳо шудааст, дар Русия, ба қавли Евгений Гавриленков, иқтисодшиноси аршади ширкати "Тройка Диалог Инвестмент" дар Маскав, иқтисод беҳбудпазир аст:

"Мардуми оддӣ пасандоз надоранд. Агар шумо ба натиҷаҳои назархоҳиҳо нигоҳ кунед, мебинед, ки тақрибан 80 дар сади хонаводаҳо пасандоз надоранд. Ва тақрибан ҳеҷ кас барои хонахарӣ қарз намегирад, тақрибан яку ним дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русияро қарзҳои хона ташкил медиҳанд. Ин як иқтисоди содда аст ва дар ҳолати кунунӣ бартарии он ҳам аз ҳамин аст: ин маънои онро дорад, ки мо ба зудтарин фурсат барқарор хоҳем шуд".

Ойдина Муродалиева ҳамчунин боумед аст. Вай 30 сол дошта ду фарзанд дорад, аммо баъди он ки дар моҳи октябр кори худро дар як ширкати ҳуқуқӣ аз даст дод, то имрӯз бекор мегардад:

"Ман кор мекобам. Ва акнун ба марҳилае расидам, ки берун аз салоҳиятҳои пешинаи худ дар ҷойҳои нав ҳам акнун кор меҷӯям. Мутаассифона ман бояд эътироф кунам, ки вуҷуди рақобат як сабаби аслии сахт будани ҷараёни коркобӣ мебошад. Як духтаре, ки барои ширкати худ муҳосиб ҷустуҷӯ мекард, мегӯяд, ки агар давраҳои пеш барои як ҷо ба ӯ 20 кас дар давоми як ҳафта дархост медоданд, ҳоло дар як ҳафта то ҳазор дархост қабул мекунад".

Дар чунин вазъияти бекорӣ Ойдина мегӯяд, ба ҳар ҳол аз он хурсанд аст, ки дар вақтҳои охир аз касе қарз нагирифтаву ба касе қарздор нашудааст. Ва ин ки ҳоло бо дугоникҳои ҳаштсолааш дар хонаи волидон ба сар мебарад, барояш дар зиндагӣ хеле кӯмак мекунад. Вай меафзояд, ҳоло хеле сарфакорона харид карда, танҳо аз фурӯшгоҳҳои камарзиш ғизо харидорӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки барои аҳли оилаи онҳо бузургтарин зиёне, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ расидааст, ин акнун набуди имконияти сафар ва истироҳат дар хориҷа мебошад. Вероника Нарожная мегӯяд, чанд муддат пеш, бехабар аз он ки бекор мемонад, дар фикри шурӯи таъмири хонааш будааст, аммо акнун ин нақшаҳо ҳам барои муддати тӯлонӣ бояд мутаваққиф шавад.
XS
SM
MD
LG