Пайвандҳои дастрасӣ

"Қамбарота" ҳамтақдири "Роғун" мешавад?


Президенти Русия ба ҳамтои қирғизаш ваъда дод, ки дар эҳдоси нерӯгоҳи Қамбарота кӯмак хоҳад кард

Президенти Русия ба ҳамтои қирғизаш ваъда дод, ки дар эҳдоси нерӯгоҳи Қамбарота кӯмак хоҳад кард

Ҷиноҳи ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон ибрози ташвиш кардааст, ки сарнавишти нерӯгоҳи «Роғун» ба сари нерӯгоҳи «Қамбарота-1»-и Қирғизистон низ хоҳад омад.

Бақит Бешимов, раҳбари ҷиноҳи ҳизби сотсиал-демократ дар порлумон, мегӯяд, Русия бо Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи «Роғун» вориди гуфтугӯ буд, вале ин гуфтугӯ ягон натиҷа надод. Оё сарнавишти «Роғун» дар Қирғизистон низ такрор нахоҳад шуд?

Аммо Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, гуфт, ки наметавонад, дар мавриди музокироти миёни Русия ва Қирғизистон ва натиҷаҳои он ягон вокуниш нишон диҳад. Вай афзуд, имзои созишномаи миёни Қирғизистону Русия характери давлатиро касб кардааст. Бар асоси суханони нахуствазири Қирғизистон, кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон бо ширкати «Русал» ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи барқи «Роғун» вориди гуфтушунид буд. Вай афзуд, аз ин лиҳоз ягон пайвандеро дар миёни он, ки чаро Русия дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-и Тоҷикистон ширкат накард ва аммо омодааст, ки ба Қирғизистон дасти кӯмак дароз кунад, намебинад.

Бо вуҷуди ин вокунишҳои соҳибназарони қирғиз тасмими Русия дар мавриди кӯмакҳои молӣ ба кишварашонро ба хуруҷи нерӯҳои ИМА аз қаламрави Қирғизистон мебинанд. Гуфта мешавад, маҳз баъди сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Маскав ва дидору гуфтугӯҳои вай бо президенти Русия дар бораи ихроҷи нерӯҳои низомии ИМА эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол иддае аз соҳибназарони қирғиз ҳанӯз бар ин ақидаанд, ки мақомоти ИМА ва Қирғизистон тамдиди муддати ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор баррасӣ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки додани қарзҳои дарозмуддат ва кӯмакҳои дигари молӣ аз ҷониби Русия ба Қирғизистон як омили мӯҳим дар ихроҷи нерӯои амрикоӣ аз хоки ин кишвар хонда мешавад.

Яке аз тарафдорони чунин ақида Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, гуфтааст, Афғонистон манбаъҳои асосии таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон аз нигоҳи таъмини амният ҳанӯз ҷузви заиф аст ва ба кӯмаки кишварҳои дигар ниёз дорад. Гузашта аз ин амнияти маводи сӯхт, молӣ ва иқтисодӣ низ омилҳоеанд, ки оқои Ниёзов ҳузури нерӯҳои ИМА дар қаламрави кишварашро ногузир арзёбӣ кардааст.

Бино ба ақидаи собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, мақомоти кишвараш ба далели бесалоҳиятӣ натавонистанд аз мавҷудияти ин пойгоҳ ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ истифода кунанд. Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, вобастагии иқтисодӣ Қирғизистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз арсаи байнулмилалӣ берун бурдааст.

Дар ҳамин ҳол Бақит Бешимов, раиси ҷиноҳи ҳисби сосиал-демократи Қирғизистон, ҳукумати кишварашро муттаҳам намуд, ки то сафари президент Боқиев ба Маскав онҳо лағви қарордоди миёни Амрикову Қирғизистонро пинҳон доштанд. Вай мегӯяд, ин дар ҳолест ки Русия бо НАТО ҳамкориҳояшро беш аз пеш тавсеъа бахшидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG