Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Маскав барои интиқоли борҳо ба Афғонистон


Маскав барои иҷозаи интиқоли борҳои ғайринизомии амрикоӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламраваш изҳори омодагӣ кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Вошингтон дар бораи теъдод ва чигунагии ин борҳо маълумот медиҳад ва баъди он Маскав барои интиқоли онҳо иҷоза содир мекунад. Вазири хориҷаи Русия афзуд, ҳамагӣ чанд рӯз пеш ИМА аз Маскав хоста буд, ки ба интиқоли борҳои ғайринизомӣ аз тариқи қаламрави Русия мусоидат кунад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон имрӯз изҳор намуданд, дар мавриди бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас тасмими ниҳоӣ гирифтаанд. Ин пойгоҳ ба хотири таъмини амалиёти нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон бунёд шудааст.

XS
SM
MD
LG