Пайвандҳои дастрасӣ

То ҳанӯз аз коҳиши шиддати бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ хабаре нест ва бонкҳои ғарбӣ ҳамоно зарбаҳои шадид мебинанд.

Муаллиф Чарлз Рекнегел

Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки аксар давлатҳо аллакай миллиардҳо долларо ба низоми бонкиашон ворид карда интизор ва умедвор ҳастанд, ки билохира бонкҳо системаи қарздиҳиро барқарор хоҳанд кард. Ва ҳоло, ки ҳанӯз бозори қарз масдуд шудааст, ҳукуматҳо дар андешаи стратегияҳои нав барои бурунрафт аз ин вазъ мебошанд. Яке аз роҳҳои мавриди баррасии онҳо ва дар айни замон яке аз мавзӯъҳои нороҳаткунанда барои ҳукуматҳо ин миллигардонии бонкҳо мебошад.

Миллисозии бизнес мавзӯе нест, ки барои ҳукуматҳои ғарбӣ хушоянд бошад. Ва ба хотири кӯмак ба наҷоти бонкҳо аз бӯҳрони баамаломада ҳукуматҳо дар Вишингтону Лондон ва ҳам дар саросари Аврупо барномаҳои наҷоти мухталифро қабул карданд. Онҳо мизони мафоди бонкиро то ҳадди аққал поин бурда, ба бонкҳои хусусӣ имкон фароҳам оварданд, ки аз хазинаи давлатӣ бо дарсади кам пул қарз гиранд. Ва баъдан онҳо ба таври мустақим бар ивази саҳмияҳо ба бонкҳо сармоягузорӣ карданд, яъне бо ҳамон роҳе рафтанд, ки бояд аз он сармоягузорони хусусӣ пайравӣ мекарданд.

Ва аммо бо вуҷуди чунин тадбирҳо, ба назар мерасад ҳеҷ чизе наметавонад майли бонкҳоро барои шурӯъи амалиёти қарздиҳӣ дубора зинда кунад. Бар ивази ин, бонкҳо пулҳои воридотиро маҳкам нигоҳ дошта, талош доранд ҳамон зиёну хисороти дидаи худро бар асари шикасти бозори хонафурӯшӣ аз ҳисоби ин пулҳо барқарор кунанд.

Ҳовард Вилдон мутахассиси молии ширкати BGC Partners дар Лондон мебошад. Вай вазъро ингуна шарҳ дод, "ҳукуматҳо омодагӣ мебинанд, ки бонкҳоро бо сармояҳои бештар таъмин кунанд ва онҳо ҳамин тавр ҳам карданд. Аммо бо ин вуҷуд, мо ҳанӯз ба таври куллӣ ба ҳеҷ пешравие даст наёфтем ва бо нигоҳ ба вазъи имрӯзаи қарздиҳӣ мебинем, ки вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Ба он хотир, ки дарки нирӯмандии бонкҳо ва он чи ки онҳо ба даст овардаанд, яъне ҳаҷми зиёди сармояҳои ба истилоҳ мурда ва ё заҳролудшуда, хулоса ҳамаи ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз эътимод ба бонкҳо аз нав барқарор нашудааст".

Дар чунин шароити бефаъолиятии бонкҳо иқтисод низ ҳамоно дар ҳоли рукуд қарор дорад. Аксар ҳукуматҳо андеша доранд, ки бо кадом роҳ метавонанд мудохила кунанд ва ҳоло дар фикри се роҳи ҳал мебошанд: аввалӣ ин аст, ки ба бонкҳо пули бештар бидиҳанд, аммо бо шароити сахттар, то ки онҳо тавонанд ҷараёни қарздиҳиро шурӯъ кунанд. Роҳи дуюм ин таъсиси бонкҳое аст, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд: яъне таъсиси ба истилоҳ бонкҳои "бад" ё бонкҷои ҷамъоваранда, ки дороиҳои беқадршударо ҷамъ мекунанд. Ин роҳ ба дубора сиҳҳатсозии низоми бонкӣ кӯмак мекунад. Ва роҳи сеюм ин аст, ки умури бонкҳои дучори мушкилшударо ба қавле ба дасти худ гирифта онҳоро миллӣ гардонанд. Таҳлилгар Вилдом мегӯяд, ки роҳи сеюм, яъне миллисозӣ роҳи сахттарин аст ва аз он танҳо дар сурати нокомшавии ду роҳи дигари ҳалли масъала мешавад кор гирифт:

"Дар сурати шикасти ҳама дигар роҳҳои наҷоти вазъ миллисозӣ метавонад ҳамчун охирин роҳҳале арзёбӣ шавад. Дар сурате, ки бонкҳои хурд миллӣ гардонда шаванд, як тадбире барои бурунрафт аз вазъ метавонад таъсиси бонкҳои ҷамъоваранда шавад, ва ба назари ман, ҳоло бозорҳо ҳам ба ҳамин шакл ба масъала нигоҳ мекунанд".

Ва аз ҳоло ҳам ба назари таҳлилгарон нишонаҳое аз ҷараёнҳои миллисозии тадриҷӣ ба мушоҳида мерасад. Дар давоми чанд моҳи гузашта Вашингтону Лондон бо ҳадафи наҷоти вазъ, қисмате аз саҳмияҳои чанд бонки азими ҷаҳониро ба даст оварданд. Масалан, ҳукумати Амрико бо ин ки 6 % саҳмияҳои "Бонки Амрико"-ро дар даст дорад, саҳҳомдори азимтарини ин бонк маҳсуб мешавад. Дар мисоли Citigroup ҳукумат 8 % саҳмияҳоро ба ихтиёри худ гирифтааст.

Айнан мисли ҳамин, ҳукумати Бритониё саҳҳомдори аслии саҳмияҳои Бонки хусусии салтанатии Шотландия гардид ва ҳоло 70 дарсади саҳмияҳои ин муассисаи молиро дар ихтиёр дорад. Ва табиист, ки саҳҳомдори аслии бонк будани ҳукумат барояш ҳақ медиҳад, ки дар умур ва сиёсати он таъсир ва нуфузи бештар дошта дар ҳолати зарурӣ аз фишор ҳам кор гирад.

Аммо ҳукуматҳо бояд дар андешаи он ҳам бошанд, ки сиёсати миллисозӣ метавонад паёмадҳои муаяйни худро дар пай дошта бошад. Аввал ин ки бо миллишавии бонкҳо, сармоягузорон тадриҷан аз ин муассисаҳои молӣ рӯ мегардонанд. Дигар ин ки, дар сурати ба ихтиёри давлат гузаштани назорат аз бонкҳо, ин хатар вуҷуд дорад, ки онҳо зери фишори шадиди сиёсӣ ҳам қарор хоҳанд гирифт. Чунки дар ҳолати пеш омадани ҳолати бӯҳронӣ, масалан бонкҳои хусусӣ метавонанд даст ба иқдомҳои зиёновар барои муштариҳояшон зананд, аммо бонкҳои зери назорати давлат ингуна иқдом карда наметавонанд, чунки зери фишори мардум мемонанд.

Ва аммо дар ҳамин ҳол, коршиносон дар бораи роҳҳои манфиатовари сиёсати миллисозӣ ҳам сӯҳбат мекунанд. Аввал ин ки мардуми оддие, ки дороиву пасандозҳои худро дар бонкҳо барои рӯзи мабодо ва ба хотири нафақа нигоҳ медоранд, бо ҳар вуҷуд аз ҳама гуна шикастҳо эмин мемонанд. Чунки дар ин ҳолат замонати амнияти пулҳоро давлат ба дӯши худ мегирад. Ва ҳоло, бо амиқрафти бӯҳрони молӣ ва рукуди иқтисодӣ дар моҳҳои наздик баҳсу баррасиҳои зиёдро дар заминаи наҷоти низоми бонкӣ дар ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин мешавад.
XS
SM
MD
LG