Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар таҳлилгарон дар расонаҳои ғарбӣ аз ҳукуматҳо даъват доранд, ки аз тадбири ҷорисозии ба истилоҳ бонкҳои "бад" ё бонкҳои ҷамъоварикунанда кор бигиранд.

Муаллиф Чарлз Рекнегел

Дар ҳоле, ки бисёриҳо суол мекунанд, ки магар дар чунин шароити бӯҳронӣ бе ин ҳам шумори бонкҳои расвошуда кам аст, ки боз чунин пешниҳод мешавад, аммо иқтисодшиносон мегӯянд, бонкҳои ҷамъоварикунанда он маъноро надорад, ки кас фикр мекунад. Бонки "бад" ё ҷамъоварикунанда як навъи сохтори молиест, ки тавассути ҷамъоварии дороиҳои беқадршудаи бонкҳои дигар дар асл ҳолати молии бисёр дигар бонкҳоро наҷот мебахшад. Яъне барои бонкҳои дигар имкони дубора аз сар гирифтани фаъолияти маъмулиро фароҳам меоранд. Ва ҳоло бисёр таҳлилгарон ба ин назар ҳастанд, ки зарурати ҳаётии таъсиси чунин сохторҳои молӣ пеш омадааст.

Яке аз нишонаҳои нигаронкунандаи паёмадҳои бӯҳрони сартсоарии молӣ ин аст, ки ҳамакнун сармоягузорони хусусӣ дигар ба бонкҳо эътимодро аз даст дода ҳар чи камтар мехоҳанд дороиҳои худро дар бонкҳо ҳифз кунанд. Маъмулан, сармоягузорони хусусӣ ба ин кор тавассути харидории саҳмияҳои бонкҳо даст мезананд ва бо ин роҳ ҳақи худро дар моликияти ин сохтор ба даст меоранд. Ва тафовути онҳо ҳам аз муштариёни оддӣ ҳам дар ҳамин аст, ки танҳо маблағҳои худро барои ҳифзу амонат дар бонкҳо мегузоранду аммо ба қавле ба умури бонкӣ ҳақи дахолат карданро надоранд.

Ва ҳоло чунин шароит мушоҳида мешавад, ки шумори ҳар чи бештари сармоягузорон талош доранд саҳмияҳои худро бифурӯшанд, аммо аз харидани саҳмияҳои нав худдорӣ мекунанд, чунки мебинанд, ки то рафт кори бонкҳо бадтару бадтар мешавад. Ва натиҷаи ин вазъият ҳам ҳамин шудааст, ки қимати бонкҳо дар сартосари ҷаҳон шадидан уфт кардааст.

Масалан сарнавишти Barclay's Bank намунаи ҳамин тамоюл мебошад. Қимати саҳмияҳои ин бонк моҳи гузашта то 25 дар сад афтода, камтар аз 1 фунт стерлингро ташкил медиҳад. Ин нишондод аз соли 1993 инҷониб бесобиқа будааст.

Аммо иллати ин ки бонкҳо дигар эътимоди сармоягузоронро аз даст додаанд, дар чист? Сабаби аслӣ дар он аст, ки бонкҳо дар саросари ҷаҳон бо хонафурӯшӣ башиддат қиморбозӣ карданд ва дар натиҷа бо қарзҳои азим рӯбарӯ шуданд, ки ба уфти бозорҳо сабаб шуд. Иқтисодшиносон мегӯянд, ки дар асл бонкҳо ба харидорони номуносиб қарзҳои калон дода баъдан худ аз бонкҳои бузургтар қарз гирифтанд, то ки барои муштариҳо қарзҳои бештарро фароҳам оваранд. Дар ниҳоят, ҷараёни пардохти ин маблағҳо бо мушкил рӯбарӯ шуд ва худи механизми доду гирифти қарзҳо чунон печида гардид, ки ҳоло аксари бонкҳо сару ҳисобашонро барои дарки дурусти ҳаҷми қарзҳояшон гум кардаанд.

Ва ҳоло вазъ ингуна шудааст, ки агар ҳам баъзе бонкҳо варшикаста нашуда бошанд ҳам, ин танҳо ба он хотир аст, ки ҳукуматҳо онҳоро бо барномаҳои наҷот фаро гирифтаанд. Аммо боз ҳам ин маблағҳо ҳанӯз кофӣ нест, ки ин муассисаҳои молӣ ба таври маъмулӣ кори худро ё вазифаҳои оддии худро пеш баранд. Ва аз ҳамин хотир, коршиносони бештари молӣ ба ҳукуматҳо машварат медиҳанд, ки аз иқдоми қавитару бунёдӣ кор гиранд.

Яке аз роҳҳо ин аст, ки сармояҳои пурхатартарини бонкҳоро, ки ба тиҷорати хонафурӯшӣ ва ҳама амалиёти марбут ба он машғуланд, ба як сохтори молиии давлатӣ табдил диҳанд. Ва амалан ин сохторро ба як бонки "бад" ё ҷамъоваранда табдил диҳанд. Питер Диксон дар Commerzbank-и Лондон масъули тарҳрезии стратегияи молӣ аст ва ӯ ин идеяро чунин шарҳ медиҳад:

"Масъала ин аст, ки бонкҳо дар асл дар бораи мизонии воқеии дороиҳои худ дар балансашон огоҳ нестанд, онҳо дар миёни дороиҳои хубу бад фарқ намегузоранд ва онҳо танҳо ба мавқеияти куллӣ назар медӯзанд. Ва он коре, ки бонки ба истилоҳ бад анҷом медиҳад, ин аст, ки дороиҳои гӯем заҳролудшударо аз баланс ҷудо карда ба бонкҳо идеяҳои тозатару рӯшантарро оид ба баланси ин муассиҳо пешкаш хоҳанд кард. Ва ин як фактори бисёр муҳими калидӣ барои бонкҳо мешавад, ки дубора ҷараёни қарздиҳиро аз сар гиранд".

Ҳоло дар бораи системаи бонкҳои бад ё ҷамъоваранда дар ИМА, Бритониё, Олмону Итолиё зиёд баҳс мекунанд. Ва арзёбиҳо дар ҳамаи ин кишварҳо нишон медиҳад, ки сармояҳои бад дар мизони хеле баланд қарор дорад. Ва аммо дар ин ҷо низ таҳлилҳои мухталиф нишондодҳои мухталифро ба намоиш мегузоранд: Голдман Саш, масалан, гуфтааст, ки бонкҳои амрикоӣ дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 4 триллион доллар дороиҳои бад доранд. Дейвид Роше аз як ширкати машваратҳои молии Лондон мизони ингуна дороиҳоро ба маротиб камтар, яъне дар ҳудуди 800 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Тибқи арзёбиҳои вай, Олмон ба миқдори 300 миллиард евро ва Бритониё дар ҳудуди 200 миллиард фунт стерлинг дороиҳои бад доштааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурате, ки бонкҳои ба истилоҳ "бад" сармояҳои пурхатарро, ки боиси сар задани бӯҳрон мешаванд, ба даст оваранд, масъала метавонад баъдан аз ду роҳ ҳал шавад: роҳи аввал ин аст, ки ба бонкҳо миқдори зарурии маблағҳо, ки бар асари шикасти бозори хонафурӯшӣ ва қарзҳои марбут ба он пеш омадааст, пардохт шавад ва танишу асабонияти бозор ҳам бо ин роҳ рафъ гардад. Роҳи дигар ин аст, ки ҳукуматҳо бояд сармояҳои пурхатартарини бонкҳоро бо қимати фавқулодда баланд ва ғайритабиӣ бихаранд, то ки бонкҳо аз маблағҳои худ маҳрум нашаванд.

Ва дар ниҳояти амр, натиҷаи кор ин мешавад, ки дар беҳтарин ҳолат бонкҳои сиҳҳат метавонанд дубора фаъолияти худро дар амри ҷамъоварии маблағҳо барқарор карда, сармоягузорони хусусиро ба худ ҷалб кунанд. Ва он сохторҳое, ки баъди ин ҳама тадбирҳо аз бӯҳрон баромада натавонистанд, аз байн бурда мешаванд ва ё мақоми давлатиро касб мекунанд. Таҷриаби мусбати ин корро солҳои 1990-ум бонкҳои Швейсария пушти сар кардаанд, вақте баъди мудохилаи давлат бонкҳо миллӣ гардонда шуда сармояҳои онҳо ба қавле ба гурӯҳи бонкҳои "хуб"-у "бад" тақсим шуданд. Ва дар ниҳоят низоми бонкдории ин кишвар дубора қавиву мустаҳкам гардид.
XS
SM
MD
LG